«Насли созанда»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Душанбе, 02 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷиҳати баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, бедории воқеии миллӣ, сатҳи зебоишиносӣ ва маънавиёту созандагию бунёдкории ҷавонон, ҳисси ифтихори миллӣ аз дастовардҳои давраи Истиқлолият, тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ, фароҳам овардани имконияти васеи қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ ва густурда сохтани нақши ҷавонон чун нерӯи созандаи ҷомеа аксияи «Насли созанда» роҳандозӣ мешавад.Аксия муддати 1 моҳ идома ёфта, бо баргузории чорабиниҳои мухталиф, намоишгоҳҳои ҳунарҳои бадеӣ ва ихтирооти ҷавонон, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои калони оммавию фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи мамлакат, аҳли зиё тамоми манотиқи кишварро фаро хоҳад гирифт. Аксияи мазкур рӯзи 6 апрел аз маркази вилояти Хатлон оғоз гардида, 13 апрел дар вилояти Суғд, баъдан дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва минтақаи Рашт идома меёбад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






