Натиҷаҳои аз Паём то Паём дар соҳаи фарҳанг
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми анъанавии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 самтҳои муҳими соҳаҳои афзалиятнокро таҳлилу баррасӣ карда, ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳо вазифагузорӣ намуд. Аз ҷумла, дар соҳаи фарҳанг бобати инкишофи он нуктаҳои муҳим зикр гардиданд ва хабарнигори АМИТ «Ховар» ҷиҳати то куҷо амалӣ шудани ин нуктаҳо бо вазири фарҳанги кишвар Мирзошоҳрух Асрорӣ мусоҳибае анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем. Президенти кишвар дар Паёми худ ба МО ҶТ соли гузашта зикр намуд, ки маоши кормандони соҳаи фарҳанг аз сентябри соли 2012 ба ҳадди 30 фоиз зиёд карда шавад. Ин нукта дар соҳаи фарҳанг то кадом андоза татбиқ гардид? -Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кўшишу имконият, донишу таҷрибаи худро баҳри фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ташаккули дунёи маънавии аҳли ҷомеа равона намуд.Мавриди зикр аст, аз 1 сентябри соли 2012 маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳанг 30 фоиз, мактаб-интернатҳо – 60 фоиз ва дигар муассисаҳои таълимӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд шудаанд.Маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи фарҳанг, ки аз буҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 50 фоиз ва стипендияҳои амалкунандаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии соҳавӣ 50 фоиз зиёд карда шудаанд.Дар самти такмили сохтор ва кам кардани хароҷоти дуюму сеюмдараҷа чӣ корҳо анҷом дода шуданд?- Бо мақсади такмили сохтор ва кам кардани хароҷоти мақомоти идораи давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷадвали корбасти дастгоҳи марказии Вазорати фарҳанг аз 1 сентябри соли 2012 6 воҳиди корӣ кам карда шуд, ду раёсат ба шуъба ва як шуъба ба бахш табдил дода шуд. Бо кормандоне, ки ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ расиданд (ду нафар), муносибатҳои меҳнатӣ тамдид дода нашуданд, ду нафар бо кор дар муассисаҳои тобеъ таъмин гардид. Инчунин аз ҷадвали корбасти ташкилоту муассисаҳои тобеи вазорат 26 воҳиди корӣ ихтисор шуд.Нисбат ба самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷавӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовара тамоми роҳбарони муассисаҳо ва корхонаҳо муваззаф шудаанд, ки бобати мақсаднок ва сарфакорона истифода бурдани маблағҳои буҷавӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои онро зери назорати доимӣ гиранд. Масъалаи мазкур дар мадди назари роҳбарияти вазорат қарор дорад.-Дар давраи аз Паём то Паём кадом барномаҳои давлатӣ дар соҳаи фарҳанг амалӣ шуданд, ки ба рушди соҳа мусоидат кунанд?- Дар ин давра барномаҳои давлатии соҳавии «Рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ барои солҳои 2008-2015», «Рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015», «Компютеркунонии муассисаҳои нашриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2013», «Ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020», Барномаҳои давлатии «Рушди санъати сирк барои солҳои 2013-2017» «Рушди санъати театри касбӣ барои солҳои 2013-2017» зина ба зина татбиқ мешаванд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн» ба тасвиб расид, ки падидаи хуб аст.-Дар самти дастгирии муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо чӣ корҳо анҷом дода шуданд?-Вазорат таи солҳои охир дар асоси барномаҳои давлатии тасдиқшуда ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоту муассисаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо кўмаки моддӣ-техникӣ ва молиявӣ мерасонад. Аз ҷумла, дар давоми солҳои 2011-2012 ва се моҳи соли ҷорӣ барои дастаҳои ҳунарии шуъбаҳои фарҳанги ноҳияҳои Ҷомӣ, Бохтар, Румӣ, Темурмалик, Нуробод, Тавилдара, Рашт, Айнӣ, Панҷ як ҷузвӣ асбобҳои мусиқии миллӣ ва либосҳои саҳнавӣ ба таври ройгон ҷудо намуд. Инчунин ба раёсати фарҳанги ВМКБ либосҳои саҳнавӣ барои ҳунармандон ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда, ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ кўмаки молиявӣ расонида шуд.-Имрӯз дар соҳаи фарҳанг чанд нафар ба кор фаро гирифта шудааст ва ҷиҳати ҷалби ҷавонон ва омода намудани мутахассисон кадом тадбирҳо андешида мешаванд? То санаи 1 апрели соли ҷорӣ дар муассисаву ташкилотҳои системаи вазорат 13113 нафар корманд фаъолият дорад, ки 5876 нафараш зан мебошад. Аз онҳо 2795 нафар маълумоти олии касбӣ (21,3%), 2122 нафар маълумоти олии умумӣ (16,1%), 2958 нафар маълумоти миёнаи махсус (22,6%) доранд.Ҳамасола дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов 361 мутахассиси ҷавон тайёр мешавад.Танҳо соли 2012 ба хориҷи кишвар 15 нафар ҷавонону духтарони лаёқатманд барои таҳсил аз рўи ҳашт ихтисос равон шуданд, ки шумораи умумии таҳсилкунандагон дар хориҷи кишвар ҳоло қариб ба 120 нафар расидааст.Бо мақсади беҳтар истифода бурдан аз иқтидори кадрҳои роҳбарикунанда, соли 2012 дар соҳа ротатсияи кадрҳои роҳбарикунанда гузаронида шуд, ки он 25 нафарро фаро гирифтааст. Дар 48 муассисаю ташкилоти сохтори Вазорати фарҳанг аз 417 нафар корманди соҳа , ки ба синни ниҳоии нафақа расида буданд, 186 нафар аз вазифа озод гардид.Дар назди Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода факултаи доимии такмили ихтисоси кормандони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр фаъолият мекунад, ки дар он аз соли 2008 то ба имрўз 371 нафар (аз ҷумла 155 зан) кормандони соҳаҳои китобдорӣ, осорхонаҳо, методистони клубҳои деҳот, роҳбарон ва методистони раёсат ва шуъбаҳои фарҳанг, роҳбарони бадеии муассисаҳои фарҳангӣ, режиссёрони театрҳои халқӣ, муаллимони мактабҳои мусиқӣ ва санъат бо такмили ихтисос фаро гирифта шудаанд.-Баррасии арзу шикоятҳо ва қабули шаҳрвандон дар кадом сатҳ аст?Ҷиҳати андешидани чораҳои иловагӣ барои шаҳрвандон, ҳалли мушкилоти онҳо ва бе таваҷҷуҳ намондани ариза, шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандон то 1 апрели соли 2013 – 398 аризаву дархости шаҳрвандон ба унвони вазорат дохил шудаанд, ки аз он 235-тояш ҳаддалимкон зимни муқаррарот ҳалли мусбати худро ёфта, 36-тояш барои маълумот буда ва қисмати боқимонда дар сатҳи омўзиш қарор дорад. Аз ин хусус ба ҳар нафар шаҳрванд ҷавоби хаттӣ ё шифоҳӣ ирсол гардидааст.Тайи давраи зикрёфта мушаххасан вазири фарҳанг рўзҳои қабул ва ҷорӣ беш аз 574 нафар, аз ҷумла 464 нафар мард, 110 нафар зан ва 75 нафар нафақахўр – шаҳрвандонро қабул намудааст. Шаҳрвандон асосан атрофи мушкилоти таъмин бо хобгоҳ, кўмаки молиявӣ, чопи китобҳо, маҷмўаҳои муаллифӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ, таҳсил дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, гузаронидани ҷашнҳо, таъмири биноҳо, ҷудо кардани асбобҳои мусиқӣ, баррасии асарҳои мусиқӣ, китобҳои тозанашр, мушкилоти сохтори тобеъ, ташкили барномаҳои консертӣ ва амсоли инҳо хоҳиш ба миён оварда, аксари онҳо вобаста ба салоҳияту имкони воқеии вазорат ҳалли худро ёфтаанд.-Ба муносибати таҷлили 3000-солагии Ҳисор кадом корҳо ҷараён доранд?-Тибқи нақшаи чорабиниҳои дохилии вазорат оид ба иншооти таърихии Қалъаи Ҳисор аз ҷониби мутахассисон тарҳ, ангора ва харитаи ёдгориҳои Қалъаи Ҳисор, аз ҷумла «Кўчаи ҳунармандон», «Қасри ҳоким», «Чойхонаи миллӣ», «Амфитеатр», «Дарвозаҳои Аскархона», «Осорхона»-ро ба муносибати ҷашни 3000-солагии Ҳисор таҳия ва ҷиҳати маблағгузорӣ ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин бобати оғози корҳо харитаи топографӣ ва геологии ҳудуди 15 гектари Қалъаи Ҳисор пурра аз нав таҳия гардид.Мусоҳиб Дилшодаи Хайрулло








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






