Никоҳ ва мушкилоти танзими ҳуқуқии он

Апрель 17, 2013 11:27

Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки охири моҳи апрел дар Душанбе суҳбати мизи гирдеро марбут ба мавзӯи «Никоҳ ва мушкилоти танзими ҳуқуқии он» доир намояд. Интизор меравад, ки дар чорабинӣ олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва коршиносон иштирок намуда, масъалаҳои никоҳи хешутаборӣ, шартномаи никоҳ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон, моликияти муштарак ва дигар мушкилоти танзими ҳуқуқии вобаста ба никоҳро матраҳ созанд. Мавриди зикр аст, ки чанде пеш вакили Маҷлиси намояндагон Саодат Амиршоева дар мавриди аз байн бурдани никоҳи хешутаборӣ пешниҳод ироа намуда буд, ки алҳол масъалаи мазкур дар парлумони мамлакат баррасӣ мегардад. Дар мавриди қабули ин пешниҳод аз ҷониби вакилони парлумон бо назардошти омӯзиш ва ба инобат гирифтани афкори қишрҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон ба Кодекси оилаи кишвар тағйирот ворид гардида, никоҳи хешу таборӣ дар Тоҷикистон дар асоси қонун мамнуъ хоҳад гашт. Коршиносону мутахассисони масоили тиббии кишвар яке аз омилҳои ба дунё омадани кӯдакони ноқисро дар оилаҳо аз никоҳи хешутаборӣ арзёбӣ менамоянд.

Апрель 17, 2013 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш