Нобудсозии нўшокиҳои дорои “алдегидҳо” дар Бадахшон
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон сокини деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнон Алиёров Қирғизбек, соли таваллудаш 1940 боздошт гардид. Зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса дар ҳудуди ҷамоати Аличури ноҳияи Мурғоб бо иштироки Алиёров Қирғизбек 1 адад автомати Калашников бо тирдон ва 28 дона тирҳояш дарёфт ва мусодира карда шуданд. Ташхиси минбаъда муайян сохт, ки силоҳи мазкур барои истифода аз рўйи таъиноташ пурра коршоям мебошад. Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҷомеаи солим, некўаҳволии шаҳрвандон ва амнияти озуқаворӣ диққати муҳим дода мешавад. Вале бо вуҷуди ин, тоҷирону соҳибкорони алоҳида бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнокро ба фурўш мебароранд.Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар натиҷаи рейди муштараки кормандони мақомоти амнияти миллӣ, раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, нозироти андоз, хадамоти назорати санитарию эпидемиологӣ, шуъбаи зиддиинҳисории ВМКБ дар бозори “20-солагии Истиқлолият” — и шаҳри Хоруғ аз анбори нигаҳдории маҳсулоти хўрокаи соҳибкор Одилбекова Гуланор Амирбековна 1 ҳазору 878 адад машруботи спиртӣ ошкор гардиданд. Ташхиси мутахассисони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят нишон дод, ки як қисми машрубот умуман тамғаи аксизӣ надошта, 1 ҳазору 89 донаи онҳо ба талаботи стандартӣ ҷавобгў нестанд. Дар таркиби ин нўшокиҳо моддаҳои кимиёвии “алдегидҳо” аз меъёр якчанд маротиба зиёд буда, истеъмолашон ба саломатии инсон хатари ҷиддӣ дорад. Машруботи спиртии мусодирашуда рўзи 20-уми марти соли равон бо қарори комиссияи муштарак несту нобуд карда шуданд. 2 ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби кормандони ГФ РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон ва хизматчиёни ҳарбии СҚС дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон пешгирӣ гардиданд. Зимни амалиёт дар мавзеи кўҳии ҷамоати Ёли ноҳияи Шўрообод 4 борхалта бо 26 килограмму 450 грамм бангдона дарёфт ва мусодира карда шуданд. Дар ҷараёни чорабинии дигар дар ҳудуди ҷамоати Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, кўшиши убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурўҳи ҷинояткор таҳти сарварии Хол валади Ҷўрахон, 43 сола, сокини қарияи Сайфободи улусволии Чахоби вилояти Тахор, маъмул бо тахаллуси «Кали Хол» барбод дода шуд. Ҳангоми задуҳўрди мусаллаҳона қочоқчиён маводи нашъадорро партофта, ба самти Афғонистон фирор намуданд. Зимни азназаргузаронии маҳалли воқеа 3 борхалта бо 31 килограмму 95 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 21 килограмму 590 грамм бангдона, 9 килограмму 505 грамм гашиш дарёфт ва мусодира карда шуданд.Айни замон аз рўйи ҳамаи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд, тафтишоти пешакӣ давом дорад.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






