«Нодир» толори варзишӣ месозад

Апрель 30, 2013 09:28

Темурмалик, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Темурмалик сохтмони толори варзишӣ аз ҷониби ҶДММ «Нодир» муташаккилони ҷараён дошта, то ин ҷониб корҳои сохтмонии бино 45 фоиз иҷро шудаанд. Бинобар иттилои роҳбари ҷамъият Маҳмадӣ Урозов толори варзишӣ мувофиқи лоиҳа барои 300 ҷои нишаст пешбинӣ гардида, аз 2 ошёна ва 18 утоқи корӣ иборат мебошад. Сохтмони бино аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ маблағгузорӣ гардида, маблағи умумии он 6 млн. 967 ҳазор сомониро дар бар мегирад.  Мавриди зикр аст, ки барои варзишгарон дар толор шароитҳои хуби варзишӣ фароҳам оварда мешавад.

Апрель 30, 2013 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш