Оғози озмун баҳри дарёфти ҷоизаи Рӯдакӣ

Апрель 25, 2013 14:50

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ барои соли 2014-ум озмуни асарҳои адабию ҳунарӣ, меъморӣ ва публитсистиро баҳри дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ эълон мекунад. Гуфта мешавад, ки пешбарӣ ва қабули асарҳои довталабон то 25-уми декабри соли 2013- ум давом ёфа, бояд ба озмун асарҳои барҷастае, ки дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика ҳамчун дастоварди баландпояи эҷодӣ аз тарафи умум эътироф шудаанд, пешниҳод шаванд. Пешбарии асарҳо бояд аз ҷониби вазорату кумитаҳои давлатӣ, кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба адабиёту санъат ва журналистика алоқаманданд, инчунин аз ҷониби Академияи илмҳо ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ сурат гирад.Бояд зикр кард, ки ҷоизаи Рӯдакӣ олитарин ҷоиза дар кишвар аст, ки муваффақтарин эҷодкорони кишвар ба он сазовор дониста мешаванд.

Апрель 25, 2013 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш