Оғози семинари ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия

Апрель 6, 2013 10:35

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз иштироккунандагони конфронси байналмилалии «Равияҳои нави ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия» аз Минтақаи озоди иқтосодии Данғара дидан менамоянд.Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур дирӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ шуруъ кард. Мавзуъҳои калидии конфронс дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, таҳияи афзорҳои самараноки идораи захираҳои башарӣ ва масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди соҳаҳои анънавӣ ва нави иқтисод, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башарӣ мебошанд.Ҳамзамон дар ҳошияи конфронс 4 мизи мудаввар дар мавзуъҳои «Нақши ҳамкориҳои байниминтақавӣ ҳангоми равандҳои ҳамгироӣ дар паҳнои ИДМ», «Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба усулҳои ҳамкории байниминтақавӣ дар шароити равандҳои ҳамгироӣ», «Нақши бахши бонкӣ-молиявӣ дар рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия» ва «Арзёбии паҳлуҳои башарӣ ва фарҳангии ҳамкориҳои байниминтақавӣ» баргузор мегардад.

Апрель 6, 2013 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш