О. Оқилов: «3000-солагии Ҳисор аҳамияти таърихӣ дорад»
Душанбе, 11 апрел (АМИТ «Ховар» Дилшодаи Хайрулло).-Дирўз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва гузаронидани ҷашни 3000-солагии Ҳисор баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷараёни омодагиҳо ба ин чорабинӣ, ки аҳамияти муҳими таърихӣ дорад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре ки таъкид гардид, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2012 ҳайати Кумитаи тадорукотии ҷашни 3000-солагии Ҳисор тасдиқ гардида, барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ин санаи таърихӣ дар қатори дигар тадбирҳои арзишманд ҳамчунин сохтмони зиёда аз 40 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Сарвазири мамлакат аъзои кумитаи тадорукоти ҷашниро вазифадор кард, ки дар муҳлати кўтоҳ бо назардошти таклифу хулосаҳои асоснок нақшаи чорабиниҳои таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисорро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






