Омӯзиши кормандони нақлиётӣ дар чаҳорчӯбаи СУС
Душанбе,19 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)- «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СУС -уҳдадориҳо ва озодсозиҳо дар соҳаи хидматрасониҳои нақлиётӣ»- таҳти чунин ном даври омӯзишӣ имрӯз, 19-уми апрел дар бинои Маркази байналмилали тиҷорат дар Душанбе ба кори худ оғоз кард.Бино ба иттилои Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) дар Душанбе, дар кори он намояндагони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, ширкатҳои нақлиётӣ, иттиҳодҳои тиҷоратӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳа низоми тиҷорати хидматрасониҳои нақлиётӣ дар чаҳорчӯбаи СУС, уҳдадориҳои Тоҷикистон дар ин замина, таъсири узвияти Тоҷикистон дар СУС ба соҳаи нақлиёт, роҳҳои нафъбардорӣ аз узвияти кишвар дар Созмони мазкур ва посух ба чолишҳоро баррасӣ менамоянд.Гуфта мешавад Жан-Себастян Рур, мутахассиси аршади шуъбаи сиёсати тиҷоратӣ дар Маркази байналмилалии тиҷорат ва Малколм Маккинон, мушовири байналмилалии МБТ, иштирокчиёнро бо муҳтавои умумии қоидаҳои асосии СУС дар мавриди хидматрасониҳои нақлиётӣ шинос хоҳанд кард. Даври омӯзишӣ то 20-уми апрел идома хоҳад кард. Созмони умумҷаҳонии савдо (СУС) як созмони байналмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад.Тоҷикистон рӯзи дуюми марти соли равон узви комилҳуқуқи ин созмон гардид.Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи феълии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огаҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Лоиҳа аз ислоҳот дар соҳаҳои саноати кишоварзӣ, нассоҷӣ, ироаи хадамоти моливу мухобиротӣ ва нақлиётиву энержӣ пуштибонӣ мекунад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






