«Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ»
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Гузариш ба хизматрасониҳои муосири бонкӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои пешқадами фаъолият, таъмини шаффофият ва соддагардонии коргузориҳо яке аз мақсадҳои аввалиндараҷаи роҳбарият ва кормандони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» маҳсуб меёбад. Татбиқи механизми пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ бо ҳамкории Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Нафақа тавассути кортҳои бонкӣ» тавлид шуда, дар ин ҷабҳа қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Аз рӯи иттилои роҳбари маркази матбуоти БДА «Амонатбонк» Сайфулло Салимов, дар давраи сипаригашта шумораи нафақагирони дорандаи кортҳои бонкӣ теъдоди 206 ҳазор нафарро дар 15 шаҳру навоҳӣ дар бар гирифта, пас аз ҷорӣ гаштани даври чорум ба 308 ҳазор нафар хоҳад расид. Бояд гуфт, ки шумораи умумии терминалҳои пардохтии насбгашта дар саросари ҷумҳурӣ 246 ададро ташкил медиҳад. Бонк тасмим гирифтааст, ки дар соли ҷорӣ боз 230 адад терминал насб намояд. С. Салимов афзуд, ки бо ин мақсад дар чанд соли охир як идда корҳои назаррас аз қабили ҷорӣ намудани барномаҳои муосири бонкдорӣ, гузариши пурра ба технология ва таҷҳизоти муосири соҳавӣ, омода намудани кадрҳои сатҳи байналмилалӣ ва билохир роҳандозии пардохти нафақаи аҳолӣ тавассути кортҳои бонкӣ, амалӣ мешаванд. Имрӯз даври чаҳоруми барномаи гузариш «Пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ» оғоз гардид, ки дар он нафақагирони 12 шаҳру ноҳия (беш аз 102 ҳазор нафар нафақагир) ба ин шакли наву замонавии пардохт мегузаранд. Лозим ба ёдоварист, ки баробари гузариш ба пардохт аз тариқи кортҳои миллӣ дар даври чаҳоруми ин барнома роҳбарияти Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова ва муовинону сардори бахши «Амонатбонк» дар вилояти Хатлон ширкат намуда, бо нафақагирону пирони рӯзгордидаи ноҳияи Данғара вохӯрӣ гузарониданд. Тибқи иттилои идораҳои мутасаддии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» кортҳои бонкӣ бо теъдоди 9455 адад барои ҳамаи нафақагирони ноҳияи Данғара дар «Маркази протссесингии миллӣ» омода гашта, дар минтақаи номбурда теъдоди зарурии терминалҳои пардохтӣ насбу таъмин шудаанд. Мавриди зикр аст, ки «Маркази протссесингии миллӣ» бо ташаббус ва дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон ташкил шуда, низоми пардохти боэътимод ва самаранок дар маҷмуъ ба афзоиши суботи низоми молиявии мамлакат мусоидат намуда, истифодаи самараноки сарчашмаҳои молиявиро таъмин менамояд ва сари вақт татбиқи ҳисоббаробаркуниҳои байни субъектҳои хоҷагидориро кафолат медиҳад. Раёсат ва сохторҳои «Амонатбонк» дар баробари ин ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотонии аҳолӣ ҷиҳати истифодаи кортҳои бонкӣ низ корҳои зиёдро, аз қабили паҳн намудани буклету овезаҳои иттилоотӣ, пахши роликҳои тарғиботӣ ва аз ҳисоби кормандони бонк ташкили гуруҳҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ менамоянд.