Парлумон Конвенсияи қолабии СУТ ба тасвиб расонд
Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ /СУТ/ оид ба мубориза бар зидди тамокуро тасдиқ намуд. Саида Ҷобирова-муовини аввали вазири тандурустии ҷумҳурӣ санади мазкурро дар назди вакилони парлумон шарҳ дода гуфт, ки ҳадафи он ҳимояи наслҳои ҳозира ва оянда аз оқибатҳои зараровар ба саломатии одамон, инчунин пешгирии оқибатҳои иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодии истеъмоли тамоку ва мубориза бар зидди истеъмоли он аст. Саида Ҷобирова афзуд, ки Конвенсияи мазкурро алҳол 174 давлати ҷаҳон қабул намудааст.Ҳамкории байналмилалӣ, хусусан таҳвили технологияҳо, донишҳо ва расонидани кӯмаки молиявӣ, ироаи хизматрасонии экспертӣ барои ташкил ва амалӣ намудани барномаҳои самарабахши мубориза бар зидди тамоку, бо назардошти шароити фарҳангии маҳаллӣ ва омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ аз бахшҳои асосии Конвенсия маҳсуб меёбад. Зикр шуд, ки андешидани чораҳои ҳамаҷонибаи бисёрсоҳавӣ ва амалҳои ҷавобӣ оид ба кам намудани истеъмоли тамоми маҳсулоти тамоку, ки дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ тибқи принсипҳои тандурустии ҷамъиятӣ барои пешгирии бемориҳои гуногун ва марги нобаҳангом, ки аз истеъмоли тамоку ба амал меоянд, зарур аст. Мавриди зикр аст, ки ду сол муқаддам палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун дар бораи маҳдуд кардани сигоркаширо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баррасӣ ва қабул намуда буд. Тибқи он сигоркашӣ дар ҷойҳои ҷамъияти мамнeъ буда, шахсоне, ки қонунро риоя намекунанд, аз онҳо дар ҳаҷми беш аз 40 сомонӣ ҷарима ситонида мешавад.13.27.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






