Парлумон лоиҳаи «Шаҳри бехатар» ва «Таҳти калид»-ро баррасӣ кард

Апрель 1, 2013 15:36

Душанбе, 1 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шартномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Huawei Technologies Co. Ltd.» оид ба таҳвили таҷҳизот барои Лоиҳаи «Системаи автоматикунонидашудаи идоракунӣ дар нақлиёт «Шаҳри бехатар» ва пешниҳоди хизматрасониҳои «Таҳти калид» ва Ойинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда 1 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парулмони мамлакат муҳокима шуданд. Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Сафаралӣ Раҷабов, Амир Каттаев, Хайринисо Юсуфӣ ва дигар аъзои Шўро доир ба масъалаҳои баррасишуда андешаҳо иброз дошта, барои такмили онҳо таклифҳои судманд пешниҳод намуданд. Дар анҷоми ҷаласа қисме аз масъалаҳои муҳокимашуда барои такмил ва хулосабарорӣ ба кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва бархеи дигарашон ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум пешниҳод гардиданд.

Апрель 1, 2013 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш