Парвози «Парасту»-и ҳунар

Апрель 6, 2013 11:02

Душанбе, 6 апрел.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-5 апрели соли равон дар Театри давлатии академии ба номи Лоҳутӣ маросими кушоиши Фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту -2013» бахшида ба 100-солагии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон София Тӯйбоева баргузор гардид. Ҷашнвораро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Достиев кушода, аҳли толорро бо оғози ҷашнвора табрик намуд ва ҳайати доваронро муаррифӣ намуд. Сипас, дар назди ҳозирин мудири шуъбаи фарҳанги дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Пиров сухан гуфт. Дар оғози ҷашнвора ҳунармандон саҳнаҳоро доир ба фаъолияти Ҳунарманди халқии Тоҷикистон София Тӯйбоева пешкаши ҳозирин намуданд.Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи «Парасту -2013» то рӯзи 10 апрел идома меёбад.

Апрель 6, 2013 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш