Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Ҳамасола бахшида ба 7-уми апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ДДТТ чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд. Соли равон Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мавзӯи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустиро «Бемории фишорбаландӣ» интихоб намуд. Бахшида ба ин рӯз дар доираи мавзӯи мазкур дар донишгоҳ форум гузаронида шуд. Дар форум дар қатори устодону донишҷӯёни донишгоҳ инчунин намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Вазорати тандурустӣ иштирок намуданд. Дар форум 286 нафар, аз ҷумла мудирони кафедраҳо, аъзои раёсат, омӯзгорон, аспирантҳо, ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷӯёни курсҳои болоӣ ширкат варзиданд. Инчунин дар он аксия барои расонидани кӯмаки ройгони ташхисию табобатии устодони донишгоҳ ба аҳолии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Бояд гуфт, ки ба зиёда аз 60 нафар ашхоси ниёзманд, ки аксарияти онҳо камбизоат буданд, кӯмаки машваратӣ ва ташхисию табобатӣ расонида шуд. Ба ниёзмандон ба ҷуз аз ёрии машваратӣ инчунин маводи доруворӣ расонида шуд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






