Радиои Чкалов ба фаъолият оғоз кард

Апрель 19, 2013 14:00

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд радиои шаҳрӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ дода гуфтааст, ки гуфторҳои радио дар як шабонарӯз 12-13 соат бо забони тоҷикӣ пахш мешаванд ва мавҷи он фарогири ҳудуди шаҳр ва атрофи он аст. Манбаъ афзудааст, ки бахши иттилоотии радио хабарҳои нави маҳаллӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявиро фарогир буда, дар назар аст, ки дар оянда ахбори дохиливу хориҷиро бо забони русӣ низ ба самъи шунавандагон расонад.Гуфторҳои радиои шаҳри Чкалов рӯи мавҷи 107,1 FM пахш мешаванд.

Апрель 19, 2013 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш