Раванди рушди муътадили низоми бонкии ҷумҳурӣ идома дорад
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ “Ховар”, Покиза Маҳмадбекова). -Сарвари давлат дар Паёми соли гузашта Бонки миллӣ ва мақомоти дахлдорро вазифадор намуд, ки бо мақсади эмин нигоҳ доштани низоми молиявии кишвар, аз ҷумла қурби пули миллӣ аз таъсири омилҳои манфии иқтисоди ҷаҳонӣ ва боз ҳам устувор гардонидани фаъолияти он бояд чораҷуӣ намояд. Дар ин ҷода кадом корҳо ба анҷом расонида шудаанд?Ба ин ва дигар саволҳои мухбири АМИТ “Ховар” роҳбари Хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон Абдуғафор Курбонов чунин посух дод: -Сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2012 бо назардошти таъмини тағйирёбии муътадили сатҳи нархҳо ва фаъолияти босуботи бозори дохилии асъор муқаррар гардида буд. Қурби расмии пули миллӣ дар давоми сол тағйирёбии муътадил дошта, нисбат ба доллари ИМА аз 4,7585 сомонӣ дар ибтидои сол то 4,7644 сомонӣ дар интиҳои сол ё худ 0,1 фоиз (8,1 фоиз дар соли 2011) тағйир ёфт. Ҷиҳати устувор нигоҳ доштани низоми молиявии кишвар, татбиқи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, аз ҷумла вусъати тадриҷии бозори коғазҳои қиматнок ва сармоя низ зарур мебошад.-Дар мавриди беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасонии бонкӣ, ҷалби ҳарчи бештари захираҳои қарзӣ ва васеъ намудани шабакаҳои бонкӣ кадом пешравиҳо ба назар мерасанд?-Дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти низоми бонкии кишвар пеш аз ҳама ба таъмини рақобати одилона дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ, устувории вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, боло бурдани эътимоди аҳолӣ, рушди маблағгузории дарозмуддат, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ва сармояи хориҷӣ равона шуда буд. То ҳолати 31 декабри соли 2012 дар қаламрави мамлакат 142 ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла 16 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ, 125 ташкилоти маблағгузорӣ ва 301 филиал фаъолият дорад. Дар ин давра нисбат ба аввали сол шумораи бонкҳо ба 1 адад, ташкилотҳои маблағгузории хурд 3 адад ва филиалҳои онҳо 30 адад зиёд гардиданд. Дороиҳои умумии ташкилотҳои қарзӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 10,6 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,1 фоиз афзуд. — Дар заминаи ҷалби бештари захираҳои қарзӣ зиёд намудани ҳаҷми умумии қарзҳо барои дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна, алалхусус маблағгузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, инчунин дар минтақаҳои дурдасти куҳистон ва занони соҳибкор дар назар дошта шудааст?-Маблағгузории қарзӣ барои рушди соҳибкорӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ва афзалиятноки низоми бонкӣ ба ҳисоб рафта, мақсади асосии он фароҳам овардани шароит барои дастрасии қарз дар тамоми мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти куҳистон мебошад.Дар давоми соли 2012 ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 7,0 млрд. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли қаблӣ 8,0 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 51,3 фоизи он ба соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд. Ҳамчунин Бонки миллии Тоҷикистон ба бонкҳои ватанӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ дар минтақаҳои дурдасти куҳистон, алалхусус ба занони соҳибкор тавсияҳо дод. Соли 2012 қарзҳои хурди додашуда 3,1 млрд. сомониро ташкил намуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 30,6 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми қарзҳои хурди ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон додашуда ба 634,9 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ 22,7 фоиз зиёд аст. — Ба хотири баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, танзими муомилоти нақдиву ғайринақдӣ чӣ тадбирҳои муосири техникӣ андешида мешаванд?-БМТ бо мақсади афзоиши ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти мамлакат ва татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ Маркази протсессинги миллиро ба таври расмӣ муаррифӣ намуд ва дар заминаи он низоми пардохти миллии “КОРТИ МИЛЛӢ” бунёд гардид. Шумораи умумии кортҳои пардохтии аз ҷониби бонкҳои ватанӣ ба муомилот баровардашуда дар соли гузашта 539,0 ҳаз. ададро ташкил намуд, ки нисбат ба соли пеш 42,9 фоиз зиёд мебошад. Шумораи банкоматҳо дар давоми сол 96 адад зиёд шуда, 429 ададро ташкил доданд. Терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд, савдо ва хизматрасонӣ 753 ададро ташкил намуда, 269 адад афзуданд.- Ва ниҳоят, барои ба даст овардани боварӣ ва эътимоди мардум барои нигоҳдории маблағҳои худ дар бонкҳои ватанӣ ва таъмини пурраи ҳифзи пасандозҳои онҳо амалан чӣ корҳо иҷро гардиданд? -Беҳтар гардидани вазъ ва тақвият ёфтани устувории низоми бонкии кишвар, сол ба сол хуб шудани нишондиҳандаҳои он шаҳодати боло рафтани боварӣ ва эътимоди мардум ба ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Масалан, дар соли 2012 бақияи умумии пасандозҳо нисбат ба соли қаблӣ 11,4 фоиз афзуда, 4,9 млрд. сомониро ташкил дод ва нишондиҳандаи мазкур бори дигар зиёд шудани боварӣ ва эътимоди аҳолиро ба низоми бонкии кишвар тасдиқ мекунад. Ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо мувофиқан 67,3 ва 32,7 фоизро ташкил намуданд. БМТ ҷиҳати боз ҳам бештар ҷалб намудани маблағҳои озоди шаҳрвандон ва корхонаву муассисаҳо ба низоми бонкӣ, пайваста заминаи меъёрию ҳуқуқии фаъолияти бонкиро вобаста ба вазъи бозори молиявӣ такмил медиҳад, зеро яке аз манбаъҳои асосии сармоягузории иқтисодиёти кишвар ин ҷалби пасандозҳои аҳолӣ мебошад. Дар робита ба ин зикр кардан зарур аст, ки мутобиқи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати суғуртавӣ Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздоронро бо роҳи пардохти ҷубронпулии суғурта таъмин менамояд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






