«Равшан» бо «Ал- Рамза» вориди сабқат мешавад

Апрель 22, 2013 13:49

Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Пагоҳ, 23-юми апрел, дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар доираи мусобиқаи гуруҳии Ҷоми AFC-2013 бозии даври 5-умашро дар сафар бо дастаи «Ал-Рамза»-и Урдун анҷом медиҳад. Дастаи «Равшан» дар бозии нахустини даври гуруҳии Ҷоми AFC-2013 дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд аз тими «Ал-Рамза»-и Урдун шикаст хӯрда буд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки «Равшан» бозии дуюми худро дар даври гуруҳии ин мусобиқа бар тими «Ал-Шорта»-и Сурия бохта, дар даври сеюму чорум аз дастаи « Ал Қудсия»-и Қувайт мағлуб гардида буд ва ҳамин тавр, пас аз анҷоми чор даври бозӣ дар гуруҳи “D” бидуни ягон имтиёз зинаи охиринро касб кардааст.

Апрель 22, 2013 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш