Рушди фазои иқтисодӣ дар доираи АБ ИИАО
Душанбе, 12 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар қасри Таврическийи Санкт-Петербург ҷаласаи Бюрои Ассамблеяи /БА/ Байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё /ИИАО/ доир гардид, ки дар кори он ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат намуд. Дар ҷаласа 14 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба тағйир додани ҳайати АБ ИИАО, таъминоти қонунии савдои маҳсулот, хизматрасонӣ, ҳаракати сармоя ва қувваи корӣ дар доираи фазои ягонаи иқтисодии АвруОсиё дар таҷрибаи Беларус, «Барномаи фаъолияти қонунэҷодкунии АБ ИИАО барои солҳои 2013-2014»-ро матраҳ ва ҷонибдорӣ намуданд. Дар фарҷом масъалаҳои мазкур ба рӯзномаи ҷаласаи 15-уми АБ ИИАО ворид шуданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






