Рўзи байналмилалии мубориза бо бемории вараҷа
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Соли шашум аст, ки 25-уми апрел ҳамчун рўзи байналмилалии мубориза бо бемории вараҷа қайд мешавад. Ин рўз аз тарафи Ассамблеяи байналмилали тандурустӣ дар 60-умин ҷаласаи он соли 2007 қабул гардида, ҳамаи мардумро ба пурзўр намудани мубориза бо бемории вараҷа ва беҳтар намудани чораҳои самарабахш бар зидди он даъват менамояд.Чуноне ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, вараҷа дар Тоҷикистон ҳамчун бемории оммавӣ дар солҳои 60-уми асри гузашта амалан аз байн бурда шуда, фақат манбаъҳои алоҳидаи он дар ҷануби кишвар, асосан дар ноҳияҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боқӣ монда буданд. Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар натиҷаи муҳоҷирати иҷборӣ ва бозгашти гурезагон ба маҳалҳои зисти муқимии худ, вараҷа боз аз сари нав характери оммавӣ гирифт, ки ба ҳамаи ин нобосомониҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар боис гардид. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ шумораи зиёди бемории вараҷа (29794 ҳодиса) дар ҷумҳурӣ дар соли 1997 ба қайд гирифта шуд, аммо нишондоди вазъи ҳақиқии беморӣ аз рўи баҳогузории ТУТ даҳҳо маротиба зиёд буд. Бояд гуфт, ки дар соли 2012 ҳамагӣ 33 ҳодисаи бемории вараҷа ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2011-ум 45 ҳодиса ва ё 57,7% кам мебошад. Бояд қайд кард, ки дар 3 моҳи аввали соли ҷорӣ хушбахтона ягон ҳодисаи ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ба комёбиҳои ноилшуда нигоҳ накарда, вазъи эпидемиологии бемории вараҷа ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад ва ҳанўз ҳам хатари паҳншавии он дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Таҳлили ҳолати беморӣ нишон медиҳад, ки дар солҳои охир интиқоли вараҷаи серўза асосан аз кишварҳои Осиёи шарқӣ ва ҷанубӣ ва Шарқи наздик сурат мегирад. Новобаста аз он, ки дар соли 2008 ҷумҳурии мо ба барҳамдиҳии ҳодисаҳои маҳаллии вараҷаи тропикӣ ноил гардид, ҳамасола ҳодисаҳои интиқолии вараҷаи тропикӣ аз мамлакатҳои экватории Африқо, ба монанди Судон, Нигер, Серра-Леон, Гвинея ва Кот-д’иувар ба қайд гирифта мешаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






