Сафари вакилон ба минтақаҳо

Апрель 29, 2013 15:34

Душанбе, 29 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Шуруъ аз фардо -30 апрел то 10 май вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат- Маҷлиси намояндагон ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ рафта, бо интихобкунандагони худ мулоқот анҷом медиҳанд. Дар ҷараёни вохӯриҳо вакилон ба интихобкунандагон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Парлумони мамлакат, ки 26 апрели соли равон ироа гардида буд, тавзеҳ медиҳанд. Ҳамзамон вакилони Парлумон зимни вохӯриҳо андешаю пешниҳодҳои интихобкунандагонро доир ба масъалаҳои марбут ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа меомӯзанд ва онҳоро дар ҷаласаҳои Парлумон матраҳ месозанд. Интизор меравад, ки вакилон инчунин доир ба фаъолияти дар зарфи се сол анҷомдодаи худ дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба интихобкунандагон ҳисобот диҳанд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-палатаи поёнии Парлумони мамлакат маҳсуб ёфта, 63 вакил дорад, ки ба муддати панҷ сол интихоб мегарданд. Алҳол дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон чор ҳизби сиёсии кишар –Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон намоянда доранд.

Апрель 29, 2013 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш