Сафири тоҷик бо соҳибкорони турк мулоқот кард

Апрель 9, 2013 16:00

Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарипов бо аъзои Ассотсиатсияи соҳибкорони Флория «FIADER»-и Истанбул мулоқот кард. Бино ба иттилои Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ дар оғози мулоқот Фаррух Шарипов аз умумиятҳои таърихиву фарҳангии ду кишвар ёдовар шуда, ҳамчунин масоили иқтисоду савдо, сармоягузорӣ ва истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ифтитоҳи корхонаҳои саноатии муштарак ва гузаронидани форуми тиҷоратии соҳибкорони тоҷику турк дар Душанберо ба миён гузошт. Дар анҷоми мулоқот тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар моҳҳои наздик гурухи соҳибкорони турк ба Тоҷикистон меоянд.

Апрель 9, 2013 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш