Саховатмандии соҳибкорон

Апрель 3, 2013 11:43

Варзоб, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Вобаста ба табиати Варзоб силсилаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Наврӯзи хуҷастапай идома дорад. Кулли сокинони ноҳия анъанаҳои неки наврӯзиро бо тамоми суннатҳояш ба ҷо оварда, ба корҳои хайру савоб низ машғул мешаванд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои тантанаҳои наврӯзӣ аз ҷониби соҳибкор Шаҳноза Раҷабова тӯи хатнаи 27 нафар писарбача аз оилаҳои ниёзманд баргузор гардид. Ба кӯдакон дар сари мизи идона либос, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкори саховатманди дигар Маҷид Ҳасанов ба варзишгарони навраси ҷамоати Лучоб ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ либоси варзишӣ тақдим гардид.

Апрель 3, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш