Шаҳрдорӣ варзишгаронро қадрдонӣ менамояд

Апрель 17, 2013 11:07

Душанбе, 17 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мешавад, дар шаҳри Душанбе озмунҳои шаҳрӣ дар бахши соҳаи варзиш ҷамъбаст мегарданд. Инҳо озмунҳои «Беҳтарин варзишгари сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мураббии варзиши сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин мактаби варзишии сол дар шаҳри Душанбе», «Беҳтарин толори варзишии сол дар шаҳри Душанбе» ва «Беҳтарин соҳибкор-ҳаводори варзиши сол дар шаҳри Душанбе» мебошанд. Дилшод Қурбонов-сардори идораи ҷавонон, варзиш ва саёҳии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ғолибони озмунҳо бо туҳфаҳои пулӣ- аз 2500 то 3500 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд. Инчунин дар Рӯзи пойтахт ба варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ иштирок намуда, зинаҳои аввал то саввумро касб карда, шарафи варзишии Тоҷикистонро ҳимоя намудаанд, бо стипендияҳои шаҳрдории Душанбе, ки ҳаҷмашон аз 450 то 1000 сомонист, қадрдонӣ мегарданд.

Апрель 17, 2013 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш