Шарҳи мухтасари Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ

Апрель 26, 2013 13:34

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат баргузор гардид, паёми навбатии худро ба парлумони кишвар ирсол намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас намуд.Роҳбарияти парлумон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти оғози ҷаласаи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар толори калони бинои Маҷлиси Олӣ ба ҷо оварда, барои шунидани паёми навбатии Президенти кишвар ба Кохи Ваҳдат ташриф оварданд.Ба ин муносибат дар толор, ҳамчунин Сарвазир ва аъзои Ҳукумати кишвар, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумати кишвар, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, аъзои Шўрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва вакилони як қатор иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарони корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, ширкатҳои фаъолу соҳибнуфузи хусусӣ, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигарон, дар маҷмўъ зиёда аз 1300 нафар ҷамъ омаданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳуриро дар 7 соли охир мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки сарфи назар аз таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ рушди иқтисоди кишвар ба ҳадди 7% расонда шуда, сатҳи таваррум аз 19% то 6,4% коҳиш дода шуд. Зикр гардид, ки маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 9,3 миллиард сомонии соли 2006 то ба 36,2 миллиард сомонӣ дар соли 2012 афзуда, ба ҳар нафари аҳолӣ аз 1335 то 4580 сомонӣ ё 3,4 баробар зиёд гардид. Даромадҳои пулии аҳолӣ 4,2 баробар, ҳаҷми пасандозҳо чоруним ва маоши миёнаи воқеии як корманд панҷуним баробар афзоиш ёфт. Ҳаҷми умумии даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонӣ то ба 12,2 миллиард сомонӣ дар соли 2013 афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли 2006-ум беш аз 7 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳандиҳанда дар муқоиса бо соли 2000-ум, ки 226 миллион сомониро ташкил дода буд, 54 баробар зиёд мебошад.Инчунин аз соли 2006 сар карда, то соли 2012 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, стипендия, кўмакпулӣ ва ҷубронпулӣ ба ҳисоби миёна шаш баробар зиёд гардид.Илова бар ин, аз соли 2006 то соли 2013 андозаи нафақа чоруним баробар афзудааст. Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “ин натиҷаҳо ҳанўз моро қаноатманд карда наметавонанд” ва барои расидан ба нишондодҳои бештару беҳтар дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла изҳор гардид, ки минбаъд маошу нафақа ва идрорпулии донишҷўён боз ҳам зиёд карда мешавад. Тавре зикр гардид, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ то соли 2020 музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия аз дуюним то се баробар бояд зиёд карда шавад. Дар марҳалаи аввали татбиқи ин ҳадаф аз 1–уми сентябри соли 2013 музди кори кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии соҳаи маориф ба ҳисоби миёна ба андозаи 30 фоиз, кормандони дигар ташкилоту муассисаҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, аз ҷумла илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, ходимони давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин ҳамаи намудҳои нафақа ва стипендия ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад. Таваҷҷуҳи зиёд ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, барқарорсозии иқтидорҳои мавҷуда, истифодаи босамари заминҳои корам, рўёндани ду ва зиёда ҳосил аз зиминҳои обӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмўъ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум зоҳир карда шуд.Тавре зикр гардид, тайи 7 соли охир дар ҷумҳурӣ 1600 корхонаи нави саноатӣ бо 50 ҳазор ҷойи нави корӣ сохта, ба кор дароварда шудааст.Бо ёдоварӣ аз қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Кодекси нави андоз, ки тибқи он номгўйи андозҳо аз 24 то 10 намуд коҳиш дода шуд ва ҳамчунин дигар сабукиҳое, ки барои дастгирии соҳибкорию сармоягузории хусусӣ дода шудааст, идомаи бомароми ин раванд зарур шумурда шуд. Бо таваҷҷуҳ ба имкону захираҳои фаровон барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, амалӣ намудани тадбирҳои бештар барои бунёди инфрасохтори зарурӣ ва фазои мусоид матлуб дониста шуд.Зимни баррасии мушкилу монеаҳои соҳаи энергетикаи кишвар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон норасоии нерўи барқро, ки дар Тоҷикистон ҳамасола давоми 6 моҳ ҷой дорад, монеаи асосии ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва умуман рушди иқтисодӣ номид. Дар робита ба ин таъкид гардид, ки барои таъмини истиқлоли энергетикии кишвар имкону захираҳои мавҷуда мавриди истифода қарор мегиранд. Тавре зикр гардид, тайи 7 соли охир ба иқтидори умумии ҳазор мегаватт нерўгоҳҳои барқӣ бунёд ёфт ва ин кор минбаъд низ собитқадамона идома дода мешавад.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли гузашта бо ифтитоҳи нақби Шаҳристон Тоҷикистон аз бунбасти дохилии нақлиётӣ раҳо ёфта, аз ҷиҳати коммуникатсионӣ, ба кишвари воҳид табдил ёфт.Дар робита ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ арқоми ҷолиби оморӣ садо дод. Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки дар зарфи 7 соли охир дар кишвар беш аз ҳазор мактаби нав сохта, ба истифода дода шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми саховатпешае, ки пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон дасти кумак дароз мекунанд, арзи сипос карда, таъкид дошт, ки “ин гуна табақаҳои аҳолӣ бояд таҳти ғамхории доимии сохторҳои масъули давлатӣ ва мардуми сарватманду саховатпеша қарор дошта бошанд”. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 3300 кўдаки бепадару модар, ва 102 ҳазор кўдаконе, ки ё падар ё модар надорад, мавҷуданд. Ҳамчунин 180 ҳазор оилаи камбизоат ба кумаки пайваста ниёз доранд.Дар робита ба омодагӣ ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Ман, ҳамчун Президенти кишвар, ки кафили амали Конститутсия аст, кафолат медиҳам, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озод, шаффоф ва демократӣ баргузор мегардад”.Зимни таҳлилу баррасиии масоили вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва амнияти ҷомеа, пурзўр намудани мубориза бо коррупсия масъалаи мубрам номида шуд. Вазифаҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба таъмини волоияти қонун, адолати судӣ, тақвият додани омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сатҳи касбии кормандону ходимони ин соҳаҳо муайян карда шуд.Зимни баррасии самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлат, пеш аз ҳама таъкид гардид, ки Тоқикистон стратегияи “дарҳои кушода”- ро идома дода, бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ҳифзи истиқлолият, давлатдории миллӣ, асолату ҳуввияти миллӣ, амнияту субот ва пешрафту тараққияти кишвар аз вазифаи муҳимтарини сиёсати дохилию хориҷии давлати Тоҷикистон номида шуд.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Апрель 26, 2013 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад