Сузукӣ футболбозони наврасро ба Боку мебарад

Апрель 8, 2013 14:45

Душанбе, 8 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дастаи мунтахаби наврасони кишвар оид ба футбол (U-16) дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Каспий», ки ҳамасола дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мегардад, иштирок менамояд. Гуфта мешавад дар ин мусобиқа футболбозони то 17-солаи 12 дастаи мунтахаб вориди сабқат мешаванд. Бино ба иттилои ФФТ дастаи наврасони кишвар, ки дар айни ҳол таҳти раҳбарии мураббии ҷопонӣ Чикаши Сузукӣ дар Норак омодагӣ мебинанд, аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ шомили гуруҳи «D» гардида ва бо тимҳои мунтахаби Уругвайу Ҷопон рақобат хоҳад кард. Дастаҳое, ки дар гуруҳҳо мақоми нахустро касб мекунанд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Апрель 8, 2013 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш