Тақдими ҷоизаи байналмилалӣ ба олимони тоҷик

Апрель 8, 2013 16:55

Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов). — Дар Академияи илмҳои Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи тоҷикону форсизабонони дунё—«Пайванд» ва маркази фарҳангии «Рӯдакӣ»дар Фаронса ба ду олими тоҷик ҷоизаҳои байналмилалии ба номи Манучеҳри Фарҳангиро супорид.  Академияи илмҳои кишвар иттилоъ додааст, ки ин ҷоизаҳоро ходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳо—Маҳматқул Ҳазратқулов ва доктори илмҳои фалсафа Нурмуҳаммад Амиршоев соҳиб гардиданд. Масъуди Миршоҳӣ, раиси маркази фарҳангии «Рӯдакӣ» дар маросими супоридани ин ҷоизаҳо зикр намуд, ки Анҷумани Рӯдакӣ дар Порис фаъолият мекунад ва ҳадафи аслияш баланд бардоштани нуфузи донишмандони форсизабон дар сатҳи ҷаҳонист.Ҳамчунин гуфта шуд, ки Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ як созмони байналмилалист ва дафтари марказии он дар Испониё воқеъ аст, ки марбут ба Манучеҳри Фарҳангӣ, тоҷири эронитабор аст Ба олимони тоҷик дипломи ҷоизаи «Манучеҳри Фарҳангӣ» ва маблағи 30000 сомонӣ (ба ҳар яке 15 000 сомонӣ) тақдим карда шуд. Гуфта мешавад ин ҷоиза аз соли 2010 ҳамасола эъто мешавад ва қаблан Носирҷон Салимов ва Низомиддин Зоҳидов барои китоби «Донишномаи Сомониён» ва Акбари Турсон барои китоби «Эҳёи Аҷам» ба гирифтани он мушарраф шуда буданд.

Апрель 8, 2013 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш