Тақдими соати хотиравӣ аз номи Президент

Апрель 16, 2013 14:44

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имрӯз бо Фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов кормандони ғайриштатии милитсия, роҳбарони муассисаҳои олӣ ва идораву корхонаҳои давлатӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД мувофиқи фармони мазкур ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадисуф Имомов, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Асомурод Сафаров ва корманди ғайриштатии милитсия дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансур Фирӯза Исмоилова аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соати дастӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки нафарони зерин аз номи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефони мобилӣ ва суратгираки рақамӣ қадрдонӣ шуданд:- Шодиев Тӯрахон Саидович – корманди ғайриштатии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Сино-2;- Юсупов Фурайдин Хайриддинович — корманди ғайриштатии милитсияи РВКД дар вилояти Хатлон.- Ҷалолов Диловар Сайвалиевич – корманди ғайриштатии милитсия дар ШВКД Фирдавсӣ.- Абдуллоев Фирдавсалӣ Мубинович – корманди ғайриштатии милитсия дар РВКД дар ш.Душанбе.Манбаъ афзудааст, ки ҳамин тавр 96 нафар кормандони ғайриштатии милитсия аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ барои фаъолияти хуб қадршиносӣ гардиданд.

Апрель 16, 2013 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш