Таҳсили кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ

Апрель 23, 2013 11:45

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 22 апрел курси таълимии «Такмили ихтисоси коршиносон барои 20 нафар кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовар ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт. Мувофиқи хабари Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, сардори шӯъбаи минтақавии назди Сафорат Патрик Берлингер иштирокдорони омӯзишро таҳният гуфта, зикр намуд, ки ин чорабинӣ яке аз тадбирҳои силсилаи Барномаи муборизаи зидди амалиёти террористӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор меравад. Барномаи чорабинӣ тарҳрезии низоми таҳсилот, асосҳои гузаронидани дарсҳо ва ғайраро фаро мегирад. Иштирокдорони он ҳамчунин бо ҷиҳатҳои мухталифи мафҳуми терроризм ва муборизаи зидди он шиносоӣ пайдо намуданд.

Апрель 23, 2013 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш