Таҷлили зодрӯзи дипломат Н.Холов

Апрель 25, 2013 10:57

Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Назар ба хабари намояндаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод, дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия ба ифтихори 60 – умин солгарди зодрӯзи дипломати Русия, ҳамватани мо Нурмаҳмад Холов маросими ботантана баргузор шуд. Мувофиқи суханони мавсуф, дар ин маросим роҳбарият ва намояндагони ниҳодҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкорону дӯстони Нурмаҳмад Холов иштирок доштанд.Сафири фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев, сардори Хадамоти консулгарии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Садбарг Ғаниева, роҳбари Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Мирсаид Саидов, ҳамчунин мушовири намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Раҳимҷон Давлатов ҳамватани худро бо зодрӯзаш табрику таҳният гуфтанд.Дипломатҳои намоёни Русия ва дӯстону ҳамкорони Нурмаҳмад Холов мақоми ӯро чун мутахассиси бахши Шарқи Наздик ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуда, сифатҳои беҳтарини касбию шахсияти ӯро зикр карданд. Нотиқон изҳор доштанд, ки Нурмаҳмад Холов қариб 40 соли умрашро ба фаъолияти муттасил ба ҳайси дипломат дар кишварҳои Яман, Сурия, Ироқ, Миср, ҳамчунин дар дастоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия бахшидааст.Дар хотима ҳозирон ба Нурмаҳмад Холов дар фаъолияташ ба ҳайси сафири Русия дар Шоҳигарии Қатар муваффақияту бурдбориҳоро орзу намуданд.

Апрель 25, 2013 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш