«Табиат хонаи мост»

Апрель 8, 2013 12:57

Кӯлоб, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). — Дар ноҳияи Ховалинг бо дастгирии ташкилоти байналмилалии САҲА соли дуюм аст, ки дар гимназияи ноҳия барномаи ин ташкилот таҳти унвони «Табиат хонаи мост» амал дорад. Дар гимназияи мазкур маҳфили патрулҳои сабз бо номи «Садои куҳсор» таъсис шудааст. Мақсади маҳфил нигоҳдошти табиат аз зуҳуроти номатлуб, фаҳмонидани моҳияти табиат, нигоҳубини дарахтон, наботот, гулҳою ҳайвонот ва манфиати онҳо ба зиндагии мардум мебошад. Чанде қабл дар гимназич бо иштироки намояндагии САҲА, кормандони ҳукумати ноҳия ва шуъбаи маориф фестивали гулҳо ва ҳайвоноти хонагӣ гузаронида шуд.Аъзои маҳфил ба иштирокчиён намудҳои гуногуни гулҳо ва ҳайвоноти хонагиро нишон дода, ҳамчунин усулҳои нигоҳубини онҳоро фаҳмониданд. Маҳфил дар айёми таътили тобистона низ фаъолияти худро қатъ намекунад. Бо ташаббуси ташкилоти САҲА дар оянда чунин маҳфилҳо дар ноҳияҳои Шӯрообод, Муъминобод ва Восеъ ифтитоҳ мешаванд.

Апрель 8, 2013 12:57

Хабарҳои дигари ин бахш