Танзими расму оин дар Фархор

Апрель 23, 2013 09:15

Кӯлоб, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бинобар иттилои мудири бахши корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор Эмомалӣ Амиров бо мақсади камхарҷ гузаронидани маъракаҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияи махсус таъсис дода шудааст. Дар се моҳи соли ҷорӣ 984 ҳолати таваллуд, 28 хатнасур, 633 тӯйи домоду арӯсӣ, 388 ҳолати қайди никоҳ , 131 ҳолати фавт ва забҳи 442 сар чорвои майдаи шохдор ба қайд гирифта шуд. Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ миқдори умумии маъракаҳо дар ноҳия 836 ададро ташкил дода, маблағи масрафгардида 2 млн. 286 ҳазору 101 сомонӣ мебошад, ки ба ҳар маърака 2734 сомонӣ рост меояд.

Апрель 23, 2013 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш