Тарғиби номзадҳо дар Восеъ

Апрель 16, 2013 11:17

Кӯлоб, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ҷамоату шаҳраки Восеъ тарғибу ташвиқи чор номзад барои соҳиб шудан ба як курсии холишуда дар парлумони кишвар аз ҳавзаи 39 ҷараён дорад. Дар ин ҳавза аз 5 апрел то 4 май Раҷаб Мараимов, рӯзноманигор ва Ҷӯрабек Қурбонов, мудири идораи ҳифзи иҷтимоии минтақаи Кӯлоб ба таври худпешбарӣ ва Ибодулло Неъматов аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Зайниддин Сафаров аз ҳизби аграрии Тоҷикистон имкон доранд ташвиқу тарғиби пешазинтихоботӣ баранд. Муҳаммад Давлатёров, раиси ҳавзаи интихоботии Восеъ 39 иброз дошт, ки барои баргузор шудани интихобот ҳамаи шароитҳо муҳайёянд ва мардум омодаанд ба номзади арзандаи худ овоз диҳанд. Интихобот дар ҳавзаи Восеъ 39рӯзи 5 май сурат мегирад.

Апрель 16, 2013 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш