Ташаббуси навбатӣ баҳри мусоидат ба будубоши туристони хориҷӣ

Апрель 24, 2013 11:11

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). -Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мусоидат ба будубоши туристони хориҷӣ ташаббус нишон дода, телефони мобилии доимиро барои қабули шикоят ва таклифҳои онҳо вобаста ба хизматрасониҳо дар соҳаи туризм ташкил намудааст.Кормандони масъули бахши туризми кумита рўзҳои корӣ аз соати 8. 00 то 17. 00 зангҳои туристонро қабул карда, оид ба хизматрасониҳои мавҷуда дар соҳаи туристӣ иттилооти заруриро пешниҳод хоҳанд кард.Рақами телефони доимии бахши туризми кумита +992 900 275800.

Апрель 24, 2013 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш