Ташреҳи моҳияти Паёми Президент дар ДДОТ

Апрель 29, 2013 10:58

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 27 апрели соли равон намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён мулоқот намуданд. Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов ҳадафи вохӯриро ташреҳи моҳияти Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумат дар самти амнияти дохиливу хориҷӣ арзёбӣ кард.Сарвари таълимгоҳ дар такя ба Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Парлумон таъкид дошт, ки дар айни замон дар мамлакат мушкилоти ҷиддии нарасидани қувваи барқ вуҷуд дорад. Маҳз ҳамин мушкил боиси зиёд нагардидани сармоягузории хориҷӣ гаштааст. Воқеан, дар кишваре, ки дар як сол то 6 моҳ маҳдудияти барқ вуҷуд дорад, сармоягузорон аз ҳамкорӣ худдорӣ менамоянд. Ректори донишгоҳ А.Раҳмонов ҳамчунин пиромуни дигар нуктаҳои Паёми Президент муфассал сухан ронда, садоратҳои факултаҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгоронро муваззаф намуд, ки сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати кишварро миёни донишҷӯён тарғиб карда, дар амалӣ гаштани он саҳми арзанда гузоранд. Дар мулоқот кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аз ҷавонон даъват намуданд, ки онҳо бояд аз узвият ба ҳар гуна созмону ҳаракатҳои ифротгаро дурӣ ҷуста, ҷиддӣ аз пайи омӯзиши илм шаванд.Дар ин бора Бахтиёри Абдураҳим, котиби матбуотии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар дод.

Апрель 29, 2013 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст