Татбиқи сиёсати ҷавонон ва варзиш аз Паём то Паём

Апрель 23, 2013 16:46

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба МО ҶТ 20 апрели соли 2012 роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷавонон изҳори ақида намуда, ҷиҳати рушди минбаъдаи ин соҳа ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Роҷеъ ба он ки то куҷо ин дастуру ҳидоятҳо иҷро шудаанд, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов мусоҳибае анҷом дод, ки фушурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем. -Тадбирҳои Кумита дар самти тадбиқи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паём зикр гардидаанд, кадомҳоянд? Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сохторҳои маҳаллӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 зикр гардидаанд, корҳои назаррасро анҷом дод. Дар ин самт аз ҷониби дастгоҳи марказии кумита ва сохторҳои зертобеи он нақшаи чорабиниҳо, нақшаҳои муштарак бо сохторҳои дахлдор, ки заминаи мусоидро барои пешбурди сиёсати давлат ва иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Сарвари давлат тазаккур дода шуда фароҳам меоваранд, таҳия ва амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар асоси нақшаҳо аз ҷониби масъулини кумита ва сохторҳои маҳаллии он ҷиҳати фаҳмондадиҳии моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказ ва маҳалҳо байни аҳолӣ, ба вижа қишри ҷавон силсилаи вохўриҳои судманд сурат гирифт.Воқеан яке аз самтҳои асосиеро, ки дар Паёми Сарвари давлат зикр гардид, метавон сиёсати «Рў овардан ба ҷавонон» номид. Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кори ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд. Дар ин раванд, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти пешбарандаи сиёсати давлатии ҷавонон пайваста талош дорад. Маҳз тавассути татбиқи сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон ҳалли масъалаи муҳиму ҳалкунандаи ҷомеа–тарбияи насли ояндаи дорои тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида ва танзиму тарҳрезии ояндаи устувори ҷомеаро таъмин намудан имконпазир аст. Албатта, бо боварӣ метавон гуфт, ки қисми асосии ҷавонони Тоҷикистон дорои маърифати кофии хуқуқӣ ва сиёсӣ буда, аз рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз инкишофи кишвари худ дар канор нестанд ва мутаносибан бо замони худ пеш мераванд. Мусаллам аст, ки рушди иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеаи мо аз маърифати баланди сиёсӣ доштан ва ба масъалаҳои сиёсӣ сарфаҳм рафтани ҷавонон вобастагии калон дорад. Бояд ҷавонони бомаърифат ва хештаншиносу ватандўст ҳар як воқеаву рўйдод ва тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша таҳлилу баррасӣ намоянд, ба қадри дастовардҳо, заҳматҳои бузургони миллати хеш бирасанд ва онҳоро таҳким бахшанд. Ва имрўз ҳадафҳои асосии Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон, барномаҳои давлатии соҳа ба ҳалли масъалаҳои умда, аз қабили дастгирии ҷавонони лаёқатманд, баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватанпарастии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳату фароғати ҷавонон, дар маҷмуъ дарёфти роҳу воситаҳои самараноки татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон равона гаштааст. -Ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти волидайн дар тарбияи ҷавонон кадом тадбирҳо андешида шуданд?-Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” нақшаи чорабиниҳои кумита вобаста ба татбиқи самараноки Қонуни мазкур таҳия гардидааст ва дар асоси он мулоқотҳои бевоситаи роҳбарияти кумита дар давоми соли сипаригардида ва соли ҷорӣ бо тамоми қишри ҷомеа, аз ҷумла, наврасону ҷавонон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии пойтахт, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Ваҳдат, Шаҳринав, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол анҷом дода шуданд. Хамчунин бобати пешгирии омилҳои номатлуб байни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, худкушӣ ва сўйиқасд ба ҷони худ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, хариду фурўши одамон ва инчунин, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо кумитаҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, вазоратҳои маориф, корҳои дохилӣ нақшаҳои муштарак таҳия ва ба тасвиб расидаанд, ки дар асоси онҳо мунтазам чорабиниҳо амалӣ гардида истодаанд. Дар ин самт дар марказ ва маҳалҳо нишасту вохўриҳо, суҳбату муҳокимарониҳо, мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ дар шаҳру навоҳии кишвар бо муҳассилини макотиби таҳсилоти миёна, миёнаи махсус, олӣ ва табақаҳои мухталифи ҷомеа мунтазам доир карда шудааст ва он то ба имрўз идома дорад.-Дар Паёми Сарвари давлат кумита ҷиҳати таҳияи барномаҳои алоҳидаи давлатӣ дар самти ташаккули маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон вазифадор шуда буд. Дар ин самт кадом барномаҳои махсус таҳия гардиданд?Кумита ҷиҳати иҷрои супоришҳои аз Паём бароянда «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015»-ро дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Ҳадафи асосии барномаи миллӣ ин пеш аз ҳама фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар рўҳияи худшиносии миллӣ ва ватандўстӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, таъминоти ҳуқуқӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солими ҷавонон мебошад. Вазифаҳои барнома бошад аз фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати ташаккули фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандўстӣ ва адои хизмати самараноки ҳарбӣ дар назди Ватан-модар, таблиғи ғояҳои ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, тамаддунофарӣ, фарҳангдўстӣ ва аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни ҷавонон, дастгирии ташаббусҳои ҷавонон оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба мустақилияти иқтисодии ҷавонон, аз ҷумла рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо, паст кардани сатҳи бекорӣ миёни ҷавонон, мусоидат ба зиёд гардонидани шумораи марказҳои ҷавонон дар кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон ва оилаҳои ҷавон оид ба танзими оила ва солимии репродуктивӣ, ташаккули механизмҳо ҷиҳати рушди эҷодкориҳо ва фаъолияти илмии ҷавонон, ҳавасмандгардонии хонандагон ва донишҷўён дар таҳсили босамар ва фаъолнокӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати муаррифӣ ва амалигардонии корҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон иборат аст.То имрўз вобаста ба татбиқи барномаи мазкур як қатор тадбирҳо андешида шудаанд. Комиссияи танзим ва ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» аз ҳисоби 12 нафар масъулини вазорату идораҳои дахлдор таъсис гардид, ки он фаъолияти хешро дар асоси Низомномаи таҳиягардида ба роҳ мемонад. 25 декабри соли 2012 маҷлиси нахустини Комиссияи танзим ва ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва 9 апрели соли равон маҷлиси навбатии Комиссияи мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар маҷлис беш аз 11 масъалаҳои марбут ба ташаккули заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва методии барнома баррасӣ гардиданд. -Барои паст кардани сатҳи бекорӣ миёни ҷавонон чӣ чораҳо андешида мешаванд?-Тавре дар боло қайд намудем, яке аз вазифаҳои асосии Барномаи миллӣ паст кардани сатҳи бекорӣ миёни ҷавонон мебошад, Кумита дар ин самт корҳои муайянро ба сомон расонида истодааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки ҳанўз аз соли 1998 ин ҷониб дар назди Кумита Корхонаи воҳиди давлатии «Биржаи меҳнатии ҷавонон» фаъолият менамояд, ки тамоми кўшишу талошҳоро баҳри ба таври расмӣ ва бо дарназардошти ҳифзи иҷтимоии ҷавонони бекорро ба муҳоҷирати меҳнатӣ, асосан ба Федератсияи Русия сафарбар менамояд. Ҳангоми аз ҷониби Биржаи меҳнатии ҷавонон ба корҳои мавсимӣ равона гардидани ҷавонон ба хориҷи кишвар, онҳо аз муоинаи тиббӣ гузашта, дар қатори дигар ҳуҷҷатҳо варақаи тиббӣ пешниҳод менамоянд.Дар соли 2012 КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» дар якҷоягӣ бо Раёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир намуд, ки дар натиҷаи ярмаркаҳои гузаронидашуда зиёда аз 10340 нафар корҷуён иштирок намуданд. Ба 950 нафар барои кор ба корхонаву муассисаҳои дохили ҷумҳурӣ роҳхат дода шуд. Ба иштирокчиён дар хориҷи кишвар 1560 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод гардид. Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ КВД «Биржаи меҳнатии ҷавонон» дар якҷоягӣ бо Раёсати агентии давлати ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ доир намуданд, ки дар натиҷа зиёда аз 1520 нафар корҷӯй иштирок намуданд. Ба онҳо 1796 ҷойи кори холӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод карда шуд. Ба 170 нафар барои кор ба корхонаву муассисаҳои дохили ҷумҳурӣ роҳхат дода шуд. Ба иштирокчиён дар хориҷи кишвар 250 ҷойҳои кори холӣ пешниҳод гардид. Дар назди КВД “Биржаи меҳнатии ҷавонон” маркази иттилоотии доимоамалкунандаи ҷойҳои кори холӣ амал мекунад, ки то имрўз (давоми семоҳаи аввали соли 2013) ба марказ зиёда аз 390 нафар ҷавонони бешуѓл барои кор кардан дар хориҷи кишвар муроҷиат намуданд. Ва то имрўз 315 нафар ҷавонони корҷуй барои кор кардан ба хориҷи кишвар ба Федератсияи Русия сафарбар шудаанд.Ҳамин тариқ, дар доираи Барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2010-2012 давоми соли 2012 ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 дар семоҳаи аввали соли 2013 беш аз 1000 чорабиниҳо баргузор гардида, 420000 ҷавонон фаро гирифта шуданд. Дар доираи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 бошад дар соли 2012 59562 чорабиниҳо доир гардиданд, ки дар он 807232 ҷавонон фаро гирифта шуданд ва дар семоҳаи аввали соли равон дар самти саломатии ҷавонон 8596 чорабинӣ бо фарогирии 57529 нафар ҷавонону наврасон доир гардиданд ва дар самти татбиқи Барномаи давлатии тарбияи ватандўстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 332 чорабиниҳо бо фарогирии 87890 ҷавонон дар соли 2012 ва дар соли ҷорӣ 18 чорабинии ҷумҳуриявӣ бо фарогирии 6200 нафар ҷавонон, аз ҷумла 13 барномаи телевизионӣ ва 14 барномаи радиоӣ баргузор гардиданд. Давоми солҳои 2012-2013 зиёда аз 4500 китобҳои дорои хусусияти ватандўстидошта ба қисмҳои ҳарбии мақомотҳои қудратии мамлакат ва сохторҳои маҳаллии Кумита тақдим карда шуд. Инчунин 12 дастуру адабиётҳои хусусияти ватандустидошта таҳия ва нашр гардид, ки ба баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, ифтихори миллӣ мусоидат намуданд.-Ҷиҳати солимгардонии ҷомеа ва бо варзиш фаро гирифтани насли наврас ва ҷавонон чӣ тадбирҳо амалӣ мешаванд?Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки ба ҳаёти солими инсоният хатарҳои ҷиддӣ, аз ҷумла нашъаҷаллобию нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ ва ба ҳар гуна ҳаракатҳои номатлуб гаравидани одамон, бахусус ҷавонон таҳдид мекунанд, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он аз ҷумлаи корҳои муҳим ҳисоб меёбад, зеро маҳз тавассути фарогир сохтани варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, яъне оммавӣ гардонидани он метавон барои ҳаёти солим ва пешрафти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард.Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷомеа ва нерўи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст. Дар ин замина, ҷиҳати татбики саривақтии Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 ва бо мақсади ташвиқу тарѓиби варзиш, тарзи ҳаёти солим, омодагӣ ва ташкили иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҷалби шумори бештари наврасону ҷавонон ба машѓулиятҳои мунтазами варзишӣ, мукаммалгардонии маҳорати дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ҳамасола дар асоси нақшаи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавии варзишӣ, солимгардонӣ, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, Кумита силсилаи чорабиниҳои варзиширо аз рўи намудҳои мухталиф доир менамояд.Аз ҷумла Кумита дар асоси Нақшаи тақвимии ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ дар соли 2012 ва давоми соли равон зиёда аз 89 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 23 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарогирии 10800 нафар наврасону ҷавонон доир намуд. Ҳамчунин дар ин мўҳлат зиёда 252 нафар варзишгарони тоҷик дар 87 Чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё ва мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 428 медал — 112 тилло, 121 нуқра ва 195 биринҷӣ гардиданд. Яке аз чорабиниҳои муҳими соли 2012 ин баргузории Бозиҳои варзишии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мусобиқаҳои ниҳоӣ аз рўи 10 намуди варзиш бо теъдоди 987 варзишгар (шумораи иштирокчиёни се марҳила 5680 нафарро фаро гирифт) баргузор гардид.Қайд кардан зарур аст, ки соли 2012 дар Лондон Бозиҳои XXX Олимпӣ баргузор гардид. Боиси ифтихор аст, ки 16 варзишгар, аз ҷумла Дилшод Назаров (гурзпартоӣ), Неъматов Фарҳод ва Гулов Алишер (таэквондо ВТФ), Анвар Юнусов, Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов, Мавзуна Чориева (бокс), Юсуф Абдусаломов, Искандари Рустам, Николай Ноев, Зелимхан Юсупов (гўштини тарзи озод), Расул Боқиев, Правиз Собиров (дзюдо), Владислава Овчаренко (варзиши сабук), Екатерина Измайлова (шиноварӣ) бо назардошти дастовардҳо дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ барои иштирок дар Бозиҳои ХХХ олимпӣ (Лондон 2012) соҳиби роҳхат гардида, дар натиҷа муштзан Мавзуна Чориева ба гирифтани як медали биринҷӣ сазовор гардид. Тавре маълум аст, яке аз чорабинии муҳими соҳа ин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарони кишвар, ки 20 декабри соли 2010 баргузор гардид, ба ҳисоб меравад. Боиси хурсандиовар аст, ки баъди мулокот то ба имрўз тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар зиёда аз 2372 иншооти варзишӣ ба маблағи 242541912 сомонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд, таҷдид ва таъмир карда шуда барои истифода супорида шуданд. Дар натиҷа шумораи машқварзон ба маротиб афзудааст.Мусоҳиб Дилшодаи Хайруллоҳ

Апрель 23, 2013 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад