Тавзеҳи масоил дар “Дин ва ҷомеа”

Апрель 26, 2013 11:46

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 25 апрели соли 2013 мизи мудаввари умумиҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Дин ва ҷомеа” бо ҷалби коршиносони соҳа ва масъулину фаъолони ҳизбӣ аз дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Мақсад аз созмон додани мизи мудаввар- ин тавзеҳи масоили динӣ ва воқиф гардидани мардум аз умқи масъалаҳои марбут ба масоили динӣ мебошад.Чорабинии мазкурро муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латипов ифтитоҳ намуда, оид ба арзишҳои миллии тоҷикон, рушду нумӯи мафкураи миллӣ ва зиракии сиёсӣ, пешгирии роҳи бегонапарастии динии ҷомеа, дар хизмати халқ, ватан ва миллат будан, инчунин истифодаи ҷавҳари ахлоқии дини мубини Ислом суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр шуд, ки вазъияти сиёсӣ дар ҳама давру замон ба нерӯҳои гуногуне, ки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат нақши муассир доранд, такя мекунад. Чунин нерӯ имрӯз дар кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Иброз шуд, ки бо заҳматҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар бо омезиши ҷаҳонбиниҳои мухталиф, тафаккури арзишманду пешрафта фазои устувори сиёсӣ, маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ шароит фароҳам оварда шудааст. Дар мизи мудаввар Мавлон Мухторов — муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулвоҳид Шамолов — директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қамариддин Нурулҳақов — корманди Муассисаи давлатии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза карда, вобаста ба муносибати дин ба давлат, буҳрони идеологӣ ва маънавие, ки барои пайдо шудани фазои холӣ, холигии тафаккур замина гузошта метавонад, эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, баробарии ҳама дар назди қонун, эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо, эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқ сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки маҳз мавқеъгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳимоят аз арзишҳои дини Ислом ва интиқодҳояш аз мавридҳои исломситезӣ дар ҷаҳони Ғарб ва пуштибонии ӯ аз ҳалли мусолиҳатомези қазияи Афғонистону Фаластин, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил гардидани ҷашнвораи «Бузургдошти 1310-умин солгарди мавлуди поягузори мазҳаби ҳанафӣ Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит бо тахаллуси Имоми Аъзам» боис гардид, ки Сарвари тоҷикон ба Феҳристи “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” шомил гардад. Ҳамзамон дар ҷараёни мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён баромади телевизионии яке аз сиёсатмадорони рус, муовини спикери парлумоти Федератсияи Русия, раиси Ҳизби либерал демократӣ Владимир Жириновский, ки нисбат ба Роҳбари давлати Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бо алфози қабеҳу беасос бо эҳсосот ибрози ақида карда буд, баррасӣ гардида, фикру андешаҳо баён гардиданд. Инчунин иштирокчиёни мизи мудаввар филми ҳуҷҷатии “Шайтон — поезд”-ро, ки доир ба ҳолати қатораҳои Тоҷикистон ва вазъи муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон нақл мекунад ва дар барномаи телевизионии “Специальный корреспондент” аз тариқи шабакаи Россия 1 намоиш дода шуд, муҳокима намуда, ҳама бо як хулоса суханронии Владимир Жириновский ва таҳлили яктарафаи филми “Шайтон — поезд” – ро маҳкум намуданд ва ба унвонии Ҳизби умумируссиягии “Единая Россия” (Россияи ягона) изҳорот пешниҳод карданд.

Апрель 26, 2013 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад