Тоҷикистон узви Комиссияи маводи мухаддири СММ интихоб гардид

Апрель 27, 2013 11:28

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 25 апрели 2013 дар Ню-Йорк дар иҷлосияи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвият дар Комиссияи маводи мухаддир (Commission on Narcotic Drugs) барои солҳои 2014-2017 бо иттифоқи оро интихоб гардид. Комиссияи маводи мухаддир ниҳоди тобеи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) мебошад. Комиссияи мазкур 16 феврали соли 1946 дар асоси қатъномаи ECOSOC таъсис дода шудааст. Комиссия ба пайгирӣ ва назорати татбиқи конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии марбут ба маводи мухаддир машғул аст. Ниҳоди мазкур инчунин Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ₋ро роҷеъ ба тамоми масъалаҳои вобаста ба назорати маводи мухаддир, равонгардон ва пешсозҳо (прекурсорҳо)₋и онҳо роҳнамоӣ мекунад. Комиссия вазъи назорати маводи мухаддир дар ҷаҳон, масъалаҳои марбут ба пешгирии нашъамандӣ ва тавонбахшии нашъамандонро мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, роҷеъ ба коҳиши талабот ба маводи мухаддир ва роҳҳои мубориза бо гардиши ғайриқонунии ин гуна мавод тавсияву пешниҳодот таҳия мекунад. Комиссияи маводи мухаддир аз 53 кишвари узв иборат буда, аъзои он ба муддати чаҳор сол бо назардошти асли баробар ва одилонаи ҷуғрофӣ аз ҳисоби кишварҳои узви СММ ва аъзои ниҳодҳои тахассусӣ ва тарафҳои Конвенсияи ягонаи маводи мухаддир интихоб мешаванд.

Апрель 27, 2013 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш