Тоҷикистон узви Комиссияи СММ оид ба мақоми занон интихоб гардид

Апрель 27, 2013 11:29

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 25 апрели 2013 дар Ню-Йорк дар иҷлосияи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвият дар Комисияи мақоми занон (Commission on Status of Women) барои солҳои 2014-2018 бо иттифоқи оро интихоб гардид. Комисияи мақоми занон ниҳоди тобеи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) мебошад. Комиссияи мазкур ниҳоди асосии ҷаҳонӣ дар масъалаҳои таҳия ва тадвини сиёсати баробарҳуқуқии ҷинсӣ (гендерӣ) ва беҳсозии мавқеи занон мебошад. Комиссияи мазкур 21 июни соли 1946 аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ бо мақсади таҳияи гузоришу пешниҳодот ба Шӯро дар масъалаҳои ҳимоя ва риояи ҳуқуқи сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва иҷтимоии занон таъсис шудааст. Комиссия инчунин ба таҳияи пешниҳодот ба Шӯро дар мавриди ҳалли мушкилоти мубрам дар риштаи ҳуқуқи занон машғул аст. Комисияи мақоми занон аз 45 кишвари узв иборат буда, аъзои он ба муддати чаҳор сол бо назардошти асли баробар ва одилонаи ҷуғрофӣ аз ҳисоби кишварҳои узви СММ интихоб мешаванд.

Апрель 27, 2013 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш