Тоҷикистоне, ки орзу мекунем
Душанбе, 13 апрел.- (АМИТ «Ховар», Фотима Қувватова).- 12 апрел дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси СММ «Машварати миллӣ оид ба ҷаҳони баъди соли 2015» доир гардид. Нишастро муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муъминова кушод. Ҳамоҳангсози барномаҳои СММ дар самти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Павела Урсу зикр кард, ки :-Соли 2000- ум ҳамаи кишваҳои сайёра барои тадбиқи ҳашт Ҳадафи Рушди Ҳазорсола уҳдадор шудаанд. Ин ҳадафҳо коҳиши дукаратаи сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз паҳншавии вируси масъунияти инсон, таъмини дастрасии умумӣ ба таълими ибтидоӣ мебошанд, ки бояд то соли 2015 амалӣ шаванд,-гуфт ӯ. Аз соли 2000 ум тақрибан дар 50 кишвари ҷаҳон ,аз ҷумла Тоҷикистон машварати миллӣ оид ба самтҳои авлавияти рушд баъди соли 2015 оғоз гардиданд. Бо ин мақсад дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосӣ ба мушкилот ва ормонҳои асосии мардум баъд аз соли 2015 равона шудаанд. Ҳоло қисми камбизоат ва осебпазир, қисми миёна ва худидоракунии маҳаллӣ,ҷомеаи шаҳрвандӣ,бахши хусусӣ, иттифоқҳои касаба ва корфармоён,ҷомеаи академикӣ вориди ин баҳс гардидаанд,- гуфт Павела Урсу. — Машварати миллӣ барои рушди ҳаматарафаи кишварҳо равон гардида,ҷонибдорони он баъд аз соли 2015 дорои авлавиятхои миллӣ ва маҳаллӣ мегарданд. Дар машварат намояндагони ҳамаи вазорату кумитаҳо ва хадамоти давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






