Унвони фахрии М.Маҳмудов

Апрель 26, 2013 13:46

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Тавре ки аз Суди конститутсионии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо унвони фахрии «Доктори ҳуқуқ» — и Донишгоҳи давлатии «Ла спаиенса» — и Италиё сарфароз гардидааст. Маҳкам Маҳмудов бо даъвати донишгоҳи зикршудаи Италиё ва раиси шаҳри Рим дар семинари ХХХШ байналмилалӣ иштирок намуд. Дар ҳошияи ин чорабинӣ ба академики Академияи илмҳои ҶТ, доктори илми фалсафа, профессор Маҳкам Маҳмудов барои саҳми арзандааш ба рушди ҳамкории байни олимони ҳуқуқшиноси Тоҷикистону Италиё унвони фахрии «Доктори ҳуқуқ» — и Донишгоҳи давлатии «Ла сапиенса» — и Италиё дода шуд. Маҳкам Маҳмудов беш аз 50 китобу 300 мақолаи илмӣ таълиф намудааст, ки зиёда аз 20 — тои он ба забони итолиёви тарҷума шудааст.

Апрель 26, 2013 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш