Устувории низоми молия аз Паём то Паём
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 самтҳои муҳими соҳаҳои иқтисодиро муайян намуда, ба вазорату идораҳои дахдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, Сарвари давлат дар назди кормандони мақомоти молияи ҷумҳурӣ оид ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва идораи оқилонаи молияи давлатӣ вазифаҳои муҳим гузошт. Дар ин замина масъалаҳои зиёд намудани захираҳои дохилии молиявӣ, дар саҳти устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, сиёсати андозу буҷа, рушди бахшҳои воқеии иқтисодёт, аз ҷумла соибкории хурду миёна, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷавӣ, сари вақт таъмин намудани маблағгузории моддаҳои ҳимояшаванда (музди меҳнат, нафақа, стипендия, ҷубронпулиҳо), лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, барои соддаю шаффоф ва оммафаҳму дастрас гардонидан, аз нав дида баромадани самаранокии имтиёзҳои андозӣ, омўзиши фарҳанги андозбандӣ, такмили қонунгузории сиёсати андоз, таъмини маблағгузорӣ, зиёдшавии музди меҳнати ҳадди ақал ва нафақа, маоши кормандони ташкилотҳои буҷавӣ аз 1 сентябри соли 2012 аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар суҳбат ба мухбири АМИТ “Ховар” сардори шуъбаи Сарраёсати буҷаи давлатии Вазорати молия Аҳлиддин Убайдуллоев иброз дошт, ки низоми идораи молияи давлатӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, иҷрои Буҷаи давлатӣ ба андозаи 101,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми умумии даромади он 10 млрд. сомониро ташкил намуд, ки ин нисбат ба нақша 140 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 млрд. сомонӣ зиёд мебошад. “Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, андозаи нафақа ва стипендия» марҳилаи дуюми зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаву ташкилотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз 1 сентябри соли 2012 амалӣ гардида, зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаои таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернато барои пиронсолону маъюбон ба андозаи 60 фоиз, соҳаи фарҳанг ба андозаи 50 фоиз, соҳаои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ба андозаи 40 фоиз, кормандони соҳаи илм ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба андозаи 30 фоиз, инчунин стипендияҳои давлатии донишҷўёну аспирантон -50 фоиз амалӣ гардид”, — зикр намуд А. Убайдуллоев ва афзуд, ки ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ 2,5 баробар зиёд шуда, андозаи он ба 200 сомонӣ расонида шуд. Зиёдшавии ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рўйи синн дар ҳаҷми 30 фоиз ва нафақаи меҳнатие, ки дар асоси собиқаи кории пурра таъин гардидаанду андозаи онҳо аз 150 сомонӣ кам мебошад, ба 150 сомонӣ баробар карда шудааст ва нафақаи заминавӣ аз якуми январи соли 2013 дар ҳаҷми 105 сомонӣ муайян гардидааст. Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ маблағгузории музди менат, нафақа, стипендия, ҳамаи намуди ҷубронпулиҳо ва кўмакпулиҳо бо назардошти он сари вақт ва пурра амалӣ намудани Фармони сарвари давлат аз якуми сентябри соли 2012 зиёд намудани музди менати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа ва стипендия пурра таъмин гардид. Ба ин мақсад аз ҳисоби буҷаи давлатӣ танҳо дар давоми соли 2012- 3,3 млрд. сомонӣ равона ва умуман ба соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 5,0 млрд. сомонӣ равона гардид, ки ин 50 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷаи давлатиро ташкил медиад. Дар ин самт дар доираи Паёми гузаштаи Сарвари давлат мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ муваззаф гардидаанд, ки доир ба маблағгузории иловагии муассисаҳои маорифу тандурўстӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз ҳисоби бақияи озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷаҳои маҳаллӣ, инчунин дигар сарчашмаои молиявӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд. Ҳамзамон бо мақсади зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаву ташкилотҳои соҳаҳои ташкилотҳои буҷавӣ аз якуми сентябри соли 2013, аз ҷумла зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ, хона-интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, соҳаи фарҳанг, соҳаҳои тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ, илм, нафақа, мақомоти идораи давлатӣ, инчунин стипендияҳои донишҷўёну аспирантон дар Буҷаи давлатӣ барои соли 2013 маблағҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд. Инчунин Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва ҷалби доираи васеи коршиносон, олимон, мутахассисон ва ҷомеаи шарвандӣ таҳия ва қабул шуд. Дар баробари ин ислоҳоти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъмини барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотхои байналмиллалии молиявӣ, аз ҷумла бо ХБА, БҶ, БОС, Итиҳоди Аврупо ва пурра ҷалб намудани грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок барои дастгирии Буҷаи давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок, таъмини дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ёрирасон барои тадриҷан гузаштан ба стандартҳои ҳисоботи молиявии байналмилалӣ ва инчунин дигар масъалаҳои молиявӣ идома дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат дар самти ҳамкориҳои молиявӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ соли гузашта корҳои муайян анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, Президенти кишвар қайд намуда буд, ки: “Ҷиҳати устувор гардонидани пешрафти иқтисодӣ дар шароити таҳдиду хавфҳои глобалии торафт афзоянда, ки ба иқтисодиёти кишвар таъсир мерасонанд, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба соҳаҳои гуногун нақши муҳим мебозад”. Дар доираи ин дастурҳо танҳо дар давоми соли 2012 қариб 20 созишномаи молиявӣ ба маблағи зиёда аз 1650 млн. сомонӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба имзо расонида шуд, ки зиёда аз 1,1 миллиард сомонии онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд. Новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонист дар соли сипаригардида рушди иқтисодиётро 7,5 фоиз таъмин намояд. Маблағгузории сохтмони иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар чорабиниҳои муҳими давлатии дар буҷа пешбинишуда пурра таъмин карда шуда, ба ин мақсад зиёда аз 2,2 млрд.сомонӣ равона гардид. Дар маҷмуъ ба бахши ҳақиқии иқтисодиёт зиёда аз 3,8 млрд.сомонӣ равона шудааст. Дар доираи паёмҳои қаблии Президент аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумурии Тоҷикистон “Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои солои 2009-2018”, “Стратегияи идоракунии қарзҳои давлатии ҷумҳурӣ барои 2009-2011”, “Стратегияи рушди назорати дохилии молиявии давлатӣ” ва дигар барномаҳо таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуд ва дар доираи онҳо, қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ки раванди мазкур барои пешрафти сиёсати иқтисодию молиявии кишвар заминаи ҳуқуқӣ ва мустакам гузошт. Дар партави дастурҳои Роҳбари давлат мо тавонистем, ки якҷоя бо вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти идораи ҳокимияти давлатӣ шаклу усулҳои самарабахши идораи молияи давлатиро истифода намуда, вазифаҳои муҳими дар наздамон гузошташударо амалӣ намоем. Ин раванд ҷараёни таҳияи шаффоф ва босифати буҷаи давлатӣ, мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷавиро таъмин гардонида, кафолати пешрафти афзалиятҳои соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро муайн намуд.








6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






