Варзишгарони тоҷик ба Ӯзбекистон мераванд

Апрель 2, 2013 12:01

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Рўзҳои 6 13-уми апрели соли 2013 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар риштаи вазнабардорӣ баргузор мегардад. Ба иттилои сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев миёни иштирокчиёни чемпионат Ҷумҳурии Тоҷикистонро варзишгарон Манижаи Абдуғаффор, Субҳон Холов, Бахтиёри Сафаралӣ, Абдулҳай Ҳақбердиев, Баҳриддин Нуриддинов, Суннатулло Оев, Солеҳбойи Нурулло ва Фирўз Худойқулов, Баҳром Сангов ва Аслиддин Нуриддинов, ба ҳайси мураббӣ Шариф Давлатов намояндагӣ мекунанд. Ба ҳайси сармураббӣ ҳайатро Бобохон Сангов ҳамроҳӣ мекунад.

Апрель 2, 2013 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш