Вазъи муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз рӯи натиҷаи семоҳаи аввали соли ҷорӣ муомилоти савдои хориҷии Тоҷикистон 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондодҳои ҳамин давраи соли 2012 баробари 45 миллиону 600 ҳазор доллар камтар аст. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, баланси тиҷоратӣ манфӣ буда ва 476 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил дод. Тоҷикистон бо 85 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 кишвари аъзои ИДМ ва 75 кишвари хориҷи дур ҳамкорӣ дорад.Касри баланси тиҷоратӣ бо кишварҳои ИДМ 371 миллиону 300 ҳазор ва бо кишварҳои хориҷи дур 104 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил дод.Дар давраи зикршуда содироти мол баробари беш аз 361 миллиону 800 ҳазор ва воридоти он баробари 838 миллиону 100 ҳазор доллар буд. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар муомилоти савдои хориҷӣ аз ҷумлаи кишварҳои ИДМ Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва аз ҷумлаи кишварҳои хориҷи дур Туркия, Чин, Эрон ва Афғонистон ба шумор мераванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






