Вазорат таснифгари ихтисосҳоро таҳия намуд
Душанбе, 4 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дар Тоҷикистон 63 литсейи касбию техникӣ ва 53 коллеҷ ҳамчун муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият дошта, дар коллеҷҳо беш аз 46 ҳазор донишҷӯ ва дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 24 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст». Ин матлабро Нуриддин Саидов-вазири маорифи ҷумҳурӣ зимни баррасии Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» дар назди вакилони парлумон баён кард. Санади мазкурро 3 апрел вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон тасдиқ намуданд. Лоиҳаи мазкур ба маблағи 11 миллион $ -и амрикоӣ татбиқ мешавад. Вазири маорифи ҷумҳурӣ зикр кард, ки соли 2013 бо қарори Ҳукумати мамлакат аввалин бор дар ҷумҳурӣ таснифгари ихтисосҳо барои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таҳия ва тасдиқ карда шуд. Ҳангоми таҳияи ин таснифгар бозори меҳнати Русия, Беларус, Украина, Қазоқистон, кишварҳои соҳили Балтика ва Аврупои Марказӣ пурра омӯхта шуд. Вазир афзуд, ки дар ин самт гуруҳҳои корӣ ташкил шудаанд ва бо мақсади кушодани ихтисосҳои нав вобаста ба талаботи бозори меҳнати минтақаҳои мазкур таҳияи барномаҳои таълимӣ, нақша ва дигар асноди меъёри ҳуқуқӣ дар Вазорати маориф корҳо босуръат идома доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






