Вохӯрии Қ. Қоимдодов бо В. Салко
Душанбе, 11 апрел (АМИТ «Ховар»).- Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Точикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Беларус Владимир Григоревич Салко баргузор гардид. Мусоҳибон аз сатҳи муносибатҳои Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ намуда, рушди муназзами ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои гуногун зикр карданд. Ҷонибҳо зикр карданд, ки дар Беларус мисли Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои обӣ таҷрибаи хуб мавҷуд аст ва аз он истифода кардан мумкин аст. Дар ин қарина ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати ба имзо расонидани Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист иброз намуданд. Ҷониби беларусӣ омодагии худро ҷиҳати иштирок дар Мулоқоти васеи минтақавӣ, ки онро Бунёди ҷаҳонии экологӣ (GEF) бо иштироки Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус ва Русия дар рӯзҳои 30 апрел-2 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор карданист, тасдик намуд. Дипломати тоҷик зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускорӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълом доштани «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт, 2005-2015», инчунин гузаронидани «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» мебошад. Ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намуда, ҷониби Беларус омодагии худро ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли 2013 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, иброз дошт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






