Вохӯрии Ҳ. Зарифӣ бо Роберт Блейк

Апрель 27, 2013 11:28

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар»).- 26 апрели соли 2013 дар ҳошияи Конфронси сеюми вазирон дар доираи Раванди Истанбул оид ба барномаи нав барои ҳамкориҳои минтақавӣ баҳри Афғонистони амн ва босубот, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Ёвари Котиби давлатии ИМА Роберт Блейк сурат гирифт. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи кунунии рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қанатмандӣ намуда, ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, аз ҷумла рушди вазъият дар Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Апрель 27, 2013 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш