Вохӯрии шоирон бо адибони ҷавон
Душанбе, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дирӯз дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо иштироки ректори донишгоҳ, академик Абдуҷаббор Раҳмонов, шоири ширинкалом Парда Ҳабиб ва нависанда Равшани Ёрмуҳаммад маҳфили адибони ҷавон баргузор гардид. Меҳмонон аз фаъолияти корӣ ва эҷодӣ сухан гуфта, аз эҷодиёти хеш шеъру ғазалҳо қироат намуданд. Ҳамзамон донишҷӯёни эҷодкор-Хуршед Исанов, Парасту Бозиева, С.Бобоев ва М.Абдураҳмонов чакидаҳои қаламашонро баҳри ҳозирин пешкаш карданд. Адибон Парда Ҳабиб ва Равшани Ёрмуҳаммад ба ашъори ҷавонон баҳои сазовор дода, изҳор доштанд, ки аксари донишҷўён дар сабкҳои Лоиқ, Бедил, Ҳофиз, Б.Собир ва дигорон эҷод мекарданд.Дар ҷамъомад ректори донишгоҳ А.Раҳмонов пешниҳод намуд, ки маҳфили адибони ҷавон бо исми устод Лоиқ Шералӣ номгузорӣ гардад, зеро ин шоири зиндаёд маҳз дар ҳамин факултаи донишгоҳ таҳсил кардааст. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби аҳли маҳфил бо хушнудӣ истиқбол гардид.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






