Вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо волидайни Малика ва Сабина

Апрель 19, 2013 16:37

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо падару модар ва хешовандони наздики Сабина Аралова ва Малика Аралова, ки рӯзи 25 марти соли 2013 дар шаҳри Душанбе бе нишон гум шудаанд, вохӯрд. Дар ҷараёни мулоқот сардори РВКД дар шаҳри Душанбе А. Бузмаков оид ба корҳои анҷом додашуда вобаста ба ҷустуҷӯи ноболиғон ҳисобот дод.Дар суҳбат ваҷҳҳои падару модари ноболиғон ба инобат гирифта шуда, ба гуруҳи фаврӣ дастур дода шуд, ки онҳоро дар муҳлати кӯтоҳ санҷида, аз натиҷаи он ҳисоботи муфассал пешниҳод шавад. Ба роҳбари гуруҳи фаврию ҷустуҷӯӣ, муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал майори милитсия Нурилло Орипов дастур дода шуд, ки иҷрои супоришҳо таҳти назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Апрель 19, 2013 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш