Ёдбуди иштирокчиёни садамаи Чернобил

Апрель 12, 2013 04:05

Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Рӯзи 26- уми апрел дар қаламрави вилояти Суғд рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил гузаронида мешавад. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилоят иттилоъ дода, афзудааст, ки дар назар аст ба ин муносибат дар ҳудуди вилоят ҷамъомадҳои тантанавӣ ва мулоқот бо донишҷӯёну ҷавонон доир шавад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз тарафаи ҳукумати вилоят дар ин рӯз ба иштирокчиёни садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил кӯмаки моддӣ расонида мешавад.

Апрель 12, 2013 04:05

Хабарҳои дигари ин бахш