Зарари офати табиӣ бартараф мешавад
Кӯлоб, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ҷамоати деҳоти «Чӯбек» — и ноҳияи Ҳамадонӣ нимаи дуюми рӯзи 29 – уми марти соли ҷорӣ дар натиҷаи боридани борони пайдарпай ва омадани сел 30 адад иншооти ёриррасон, 200 адад чорвои калон ва моли майда, беш аз 400 гектар замини обӣ ва лалмӣ хисорот дида, маблағи зарари он ҳанӯз муайян нагардидааст. Оилаҳое, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, таҳти назорати қатъии раиси ноҳия Хӯҷамурод Фазлиддинов қарор дошта, ба зарардидагон маводи хӯрокӣ, либос, ҷойи хоб ва дигар маводи лозимӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расонида шуд. Ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ низ барои ёрии амалӣ расонидан ҳиссаи худро мегузоранд. Инчунин аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб 4 адад хайма барои зисти муваққатии зарардидагон ва як хаймаи дигар барои кормандони тиббӣ дастрас шуд. Раиси вилоят Ғайбулло Афзал ба оилаҳое, ки аз офати табиӣ хисорот дидаанд, вохӯрӣ гузаронида, афзуд, ки барои бартараф сохтан ва барқарор кардани иншоот аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят чораҳои зарурӣ дида мешаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






